ДАР ЗИМБАБВЕ БЕМОРИИ ВАБО ПАҲН МЕШАВАД
Ҳарора, 13 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Бемории вабо дар Зимбабве бо вуҷуди ваъдаҳои Президенти ин мамлакат Роберт Муғоба дар саросари ҷумҳурӣ торафт бештар паҳн мегардад. Р.Муғоба ба хабарнигорон гуфт, ки аз мамлакатҳои минтақа барои кӯмакашон бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ сипосгузор аст. Вай ҳамзамон мамлакатҳои ғарбро гунаҳкор кард, ки аз вазъияти душвори мамлакат истифода бурда, ҳукумати онро сарнагун кардан мехоҳанд. Сафири ИМА дар Зимбабве Генриетта Фор зикр намуд, ки паҳншавии бемории вабо дар мамлакат то ҳол боздошта нашудааст. То имрӯз бар асари ин беморӣ қариб 800 нафар вафот кард. Умуман шумораи беморон ба 16 ҳазор нафар мерасад. Ба қавли сафири Амрико, торафт бештар паҳн гардидани беморӣ нишон медиҳад, ки хадамоти дахлдори ин мамлакат вазифаи худро иҷро карда наметавонанд. Г. Фор афзуд, ки ИМА ба Зимбабве барои табобати беморони гирифтори вабо ба маблағи 6,2 миллион доллар кӯмак расонда, инчунин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тибро ба ин мамлакат фиристодааст. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






