«ДОМУЛЛО» ХАРГӮШПАРВАРИРО ҲИДОЯТ МЕКУНАД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ таваҷҷӯҳ кардааст,- иброз дошт роҳбари Маркази матбуот ва иттилооти вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Айни замон дар ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳа чандон аҳамияти зарурӣ дода нашудааст. Дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Домулло» фаъолият дорад. Роҳбари ин ҷамъият — дотсенти соҳаи кишоварзӣ Домулло Бобоев, ки дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд харгӯшпарвариро таҷриба кардааст, рушди соҳаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авло мешуморад. Харгӯш ҳайвони сернасл ва камхарҷ аст. Он дар як сол то 15 сар насл медиҳад. Харгӯш зоти зуд инкишофёбанда буда, дар муддати 70 рӯз барои ба истеҳсолот додан тайёр мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






