ДУХТАРОНИ ТОРБОЗ, ШУТУР, ХАР ВА 3 МОР ДАР СИРК БАРОМАД МЕКУНАНД

Декабрь 4, 2008 12:10

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 26-уми  декабр дар Сирки давлатӣ барномаи нави солинавӣ оғоз меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини директори Сирк Давлат Сафаров иброз дошт, барномаи имсолаи таҳиянамудаи ҳунармандони сирк васеъ буда, аз барномаи порсола ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он баромади «Духтарони торбоз», «Тори озод», «Песр» ва  баромади анъанавии «Ҷуфти гимнастҳо дар тасма», «Гимнаст дар ҳалқа», аттраксиони ҳайвонҳо ва масхарабозҳо дохил мешаванд.  Барномаи мазкур бо роҳбарии директори студияи ҳунарҳои сиркӣ Ашӯр Раҷабов таҳия шудааст. Баромади «Духтарони торбоз»- ро аввалин маротиба дар таърихи сирки тоҷик  танҳо духтарон иҷро менамоянд. Дар аттраксион ҳайвонҳои нав – шутур, хар ва 3 мори калон (анаконда) истифода бурда мешаванд. Ба қавли Давлат Сафаров, имрӯз ҳунармандони сиркро ҷавонон ташкил намуда, ҳамаи онҳо  хатмкарда ва тарбиятгирандагони студияи ҳунарҳои сиркӣ мебошанд. Бояд зикр намуд, ки студияи мазкур аз соли 2002  фаъолият дошта, аллакай 20 мутахассис тайёр кардааст. 7-уми декабр ҳайати доварон бо роҳбарии вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ барномаро тасдиқ мекунанд.               

Декабрь 4, 2008 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд