ДУХТУРОН ДАР КУРСҲОИ ТИББИ ОИЛАВӢ МАҲОРАТИ ХУДРО ТАКМИЛ МЕДИҲАНД

Декабрь 22, 2008 08:59

                     Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Кяра Бронка ҳамроҳи гурӯҳи калони журналистон аз вилояти Хатлон боздид ба амал овард. Онҳо бо фаъолияти муассисаҳои тиббие шинос гардиданд, ки хароҷоти таъмиру тармим ва фаъолияти онҳоро Бонки ҷаҳонӣ ба зимма гирифтааст. Журналистон, аз ҷумла, бо фаъолияти маркази тиббии деҳаи Ботурободи ноҳияи Сарбанд шинос шуданд.                   Директори марказ Саидмурод Сайдуллоев зикр намуд, ки бинои он бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ба куллӣ тармим карда, барои он асбобу анҷоми зарурӣ ва мебел харида шуд. Дар ин ҷо 4 духтури оилавӣ кор мекунад. Онҳо ба сокинони деҳа кӯмаки зарурии тиббӣ мерасонанд.                  С.Сайдуллоев зикр намуд, ки мувофиқи барномаи махсуси Бонки ҷаҳонӣ ба занони ҳомила ва дорои кӯдакони ширмак бепул дору ва витаминҳо дода мешаванд.                 Духтурони муоинагоҳи тиббии маҳаллаи Сахалини ноҳияи Сарбанд ба қариб 2000 нафар сокини маҳаллӣ хизмат мерасонанд. Журналистон ҳамроҳи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар фарҷоми сафар бо фаъолияти Маркази таълимӣ ва тибби оилавии вилоят шинос гардиданд. Бинои нави марказ сеошёна буда, 68 ҷойи хоб дорад. Дар ин ҷо инчунин хонаи махсуси истироҳат, китобхона, се синфи таълимӣ, толори компютерҳо ва ошхона ба мизоҷон хизмат мерасонанд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар миқёси вилояти Хатлон 115 духтур ва 156 хоҳари шафқат дар курсҳои омӯзиши тибби оилавӣ таҳсил карда, маҳорати худро такмил доданд.                                                                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.  

Декабрь 22, 2008 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд