ФАРОНСА БАРОИ СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛИ НАВИ МАЙДОНИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕ МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАД

Декабрь 1, 2008 12:08

           Душанбе,1 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ маросими имзои созишнома дар бораи додани қарзи имтиёзноки  Хукумати Фаронса  барои сохтмони терминали нави майдони ҳавоии  байналхалқии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мувофиқи созишнома  Ҳукумати  Фаронса ба Тоҷикистон бо ин мақсад 17 миллион  евро қарз медиҳад. Мӯҳлати баргардонидани қарз 35 сол буда, фоидаи солонаи он  0,15 фоиз ва давраи имтиёзноки  он  20 солро ташкил медиҳад. Барномаи сохтмони майдони ҳавоӣ дар давоми ду сол иҷро карда мешавад. Маблағи қарз барои сохтмони  терминали  нави  майдони ҳавоии байналхалқии шаҳри Душанбе сарф карда мешавад.

Декабрь 1, 2008 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд