ФОИЗИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ МАВОДИ КОНТРАСЕПТИВӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ

Декабрь 4, 2008 16:50

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 3 –юми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он    роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ ва  тиббию профилактики, роҳбарони  кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони  ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ    иштирок намуданд. Дар  ҷаласа   масъалаҳои «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010, иҷроиши Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014, тайёрии саривақтии соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба кори   самаранок ва мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои    2008 – 2009» ва  вазъи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббию фармасевтӣ дар солҳои 2007 ва 2008 мавриди муҳокима  қарор дода шуд.Чуноне, ки зикр гардид, новобаста аз натиҷаҳои назаррас дар таъмини сатҳ ва сифати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ оид ба солимии репродуктивӣ ва танзими оила дар муассисаҳои тандурустии мамлакат, то ҳол нишондиҳандаҳои фавти модарону кўдакон, исқоти ҳамл, таваллуд шудани кўдакон дар фосилаи камтар аз ду  сол дар сатҳи баланд қарор дошта, фоизи истифодабарандагони маводи контрасептивӣ миёни занони қобили таваллуд қаноатбахш нест. Соли 2007 – 2008 Вазорати тандурустии мамлакат як қатор чорабиниҳоро дар чорчўбаи татбиқи нақшаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила  амалӣ намуд  ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии КАРЕ  — ИНТЕРНАТСИОНАЛ дар 5 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе,  ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон барои наврасон ва ҷавонон барои дарёфти иттилооти  зарурӣ оид ба солимии   репродуктивию танзими оила шўъбаҳои тиббию машваратӣ ташкил намуд.   Инчунин қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ   барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ   дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.  Дар доираи татбиқи Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди системаи иттилоотии  идоракунии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо иштироки  мутахассисони системаи омор ва иттилооти  тиббӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд бо дастгирии   Лоиҳаи ЗдравПлюс ва Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ) дар мавзўи «Пурзўр намудани системаи иттилоотии идоракунии сохтори госпиталӣ» семинарҳои омўзишӣ гузаронида шудааст. 

Декабрь 4, 2008 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд