ГЕНЕРАЛ АБДУРАШИД ДӮСТУМ БА ТУРКИЯ ФИРОР КАРД

Декабрь 16, 2008 16:10

        Кобул,   16  декабр. (АМИТ «Ховар»   — «Немецская  волна»). –  Тибқи   хабарҳои  аз Кобул  расида,  генерал  Абдурашид Дӯстум  ғайричашмдошт  Афғонистонро  тарк  намуда,  ба  Туркия  рафтааст ва дар ин  ҷо  аз  мақомоти  ин  мамлакат  паноҳгоҳи  сиёсӣ  дархост  намудааст. Хабари  мазкурро  дафтари  матбуоти  президенти  Афғонистон,  ёвари  Дӯстум — роҳбари  ҳозираи  ҳизби  «Ҷунбиши  миллӣ»  ва  сафорати  Афғонистон  дар Анқара  тасдиқ  намуданд. Тавре  ки  маълум  аст А. Дӯстум   то  вақтҳои  охир  сардори  ситоди  Қувваҳои  мусаллаҳи  Афғонистон  буд.  Вале  президент  Ҳамид  Карзай  баъди  огоҳиҳои  сершумор  ӯро  аз  ин  вазифа  барканор  сохт. Прокуратураи  генералӣ  нисбати  Дӯстум  парвандаи  ҷиноӣ  оғоз  кард. Рӯзи  дуюми   фирори  Дӯстум   дар  пойтахти  Афғонистон  дар  назди  бинои  намояндагии  СММ  гирдиҳамоии  серодам  баргузор  гардид. Ҷамъомадагон  аз  мақомоти  муҳофизи  қонуни  мамлакат  талаб  карданд, ки  Абдурашид Дӯстум ва  қумондонони  дигар  барои  ҷиноятҳояшон  ба  ҷавобгарӣ  кашида  шаванд. Яке  аз  иштирокчиёни  гирдиҳамоӣ  Зуҳал   ба  хабарнигорон  гуфт,  ки садҳо  нафар  одамон  дар  натиҷаи  бераҳмиҳои  ҷинояткорони  ҳарбӣ  ба  ҳалокат  расидаанд. Мо  талаб  мекунем, ки  ҳамаи  гунаҳкорон  ба  ҷавобгарӣ  кашида  шаванд.          Корманди   намояндагии  СММ   дар  Кобул Нилоби  Мубориз  зикр  намуд, ки  иҷрои   талаботи  ҷамъомадагон ва ҳифзи  ҳуқуқи  қурбониёни  ҷиноятҳои   мансабдорони  ҳарбӣ  вазифаи  созмонҳои  байналхалқӣ  мебошад. Муҳаққиқони  афғон  фирори  Дӯстумро  шарҳ  дода,  менависанд, ки президент  Ҳамид  Карзай ӯро  ба  ҷавобгарӣ  кашида  натавонист.  Ба  ақидаи муҳаққиқ  Воҳиди  Мужда,  президенти  мамлакат  бояд  дар  чунин  вазъият  фишори   давлатҳои  хориҷиро  бартараф  сохта,   мувофиқи  қонун  амал  карда,  Дӯстумро  ба  маҳкама  мекашид. Аммо  ин  тавр  нашуд. В. Мужда  афзуд, ки дар  Афғонистон  на  танҳо  Дӯстум,  балки  бисёр  мансабдорон ва  қумондононро   барои  ҷиноятҳои  ба  муқобили  халқ  содирнамудаашон  ба  ҷавобгарӣ  кашидан  лозим аст. Ин  қумондонон ва  мансабдорон   дар  ҳукумат  ва  парлумон  вазифаҳои  баландро  ишғол  намудаанд,  гуфт  вай.

Декабрь 16, 2008 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд