ГУРУҲИ АВВАЛИНИ ЗОИРИНИ ТОҶИК БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ» «Ховар», Марзия Саидова).- 17-уми декабр баъд аз зуҳд, аниқтараш соати 14-30 дақиқа тайёраи «Боинг 737-200» бо хатсайри 4114 Ҷидда -Душанбе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд, ки дар дохилаш 360 нафар зоири тоҷик қарор доранд. Зоирини тоҷик баъди тавофи хонаи Каъба ба ватан бармегарданд. Тибқи иттилои сармутахассиси Раёсати ташкилотҳои динии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзо Бобокалонов, бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан бо 15 хатсайр — 11 хатсайри Ҷидда -Душанбе ва 4 хатсайри Ҷидда -Хуҷанд сурат мегирад. Бозгашти зоирини тоҷик дар рӯз ва вақти гуногун, аз ҷумла хатсайри Ҷидда -Душанбе аз 17 то 28 ва Ҷидда — Хуҷанд рӯзҳои 29-30-юми декабр ҷараён мегирад. Бояд тазаккур дод, ки соли равон ба зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имкон даст дод, то ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гарданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






