ГУЗАШТАН БА МТС-ҲО АЗ ЗАРУРАТ АСТ, Ё ЗӮРОМАД?

Декабрь 15, 2008 14:13

             Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ боиси таллаю тороҷ шудани техникаи кишоварзӣ гардид. Соли 2007 шумораи умумии тракторҳои қобили истифода 11 ҳазору 14 адад ва дар соли 2008 10 ҳазору 89 ададро ташкил дод. Бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамасола заминҳои нав ба кор дароварда мешавад, аммо на дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тракторҳои шудгоркунанда ба таври кофӣ мерасанд. Баҳри таъмини хоҷагиҳо бо техника, дар ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» таъсис  ёфт. Тавассути корхонаи навтаъсис дар ноҳияи Рашт бо 8 трактори шудгоркунанда МТС ташкил карда шуд, ки нархи кирояи онҳо ду баробар нисбат ба тракторҳои соҳибкорони хоҷагиҳо арзон аст.  Соли 2009 барои таъмини бештари техника дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бояд дар асоси маблағи пешпардохт ба МТС техникаи кишоварзӣ ворид гардад. Ташкили МТС дар шароити имрӯза роҳи дурусти пешбурди хоҷагиҳо мебошад,- иброз дошт раиси ноҳия М. Толибов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Декабрь 15, 2008 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд