ХОҶАГИИ БЕБАРОР БО ДАСТГИРИИ СОҲИБКОР ФОИДА ОВАРД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии деҳқонии «Файзобод» дар деҳаи «Бирлик»-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар ба соҳаи пахтакорӣ машғул аст. Хоҷагӣ ду сол пайи ҳам нақшаи пахтасупории худро иҷро накард. Сарвари хоҷагӣ Маҳмадалӣ Наимов барои аз ин ҳолати ногувор баромадан аз соҳибкор Маҳмадсаид Султонов кӯмаки молиявӣ пурсид. Соҳибкор баъди шиносоӣ бо корҳои хоҷагии деҳқонии «Файзобод» сарвари хоҷагиро бо маблағ таъмин намуд. Хоҷагӣ баъди маблағгузории соҳибкор Маҳмадсаид Султонов, корҳои агротехникии пахтаро хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровони пахта ба даст овард. Дар мавсими охир аз замини хоҷагӣ 293 тонна пахта ҳосил ба даст оварда шуд. Маблағи қарзи соҳибкор сари вақт баргардонида шуд. Соҳибкор Маҳмадсаид Султонов тасмим гирифтааст, ки соли 2009 ҳам хоҷагии «Файзобод»-ро сармоягузорӣ намояд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






