ИМТИЁЗҲО БАРОИ МАЪЮБОН ДАР КОДЕКСИ АНДОЗ

Декабрь 3, 2008 16:41

           Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сардори Раёсати таҳқиқи проблемаҳои соҳаи  иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов  дар арафаи таҷлили Рӯзи байналхалқии маъюбон зикр намуд, ки  дар Тоҷикистон ба шахсони маъюб баробари ҳамаи шаҳрвандони дигар дар бобати таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо  ҳуқуқҳои баробар дода шудааст. Вале қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи  иҷтимоии маъюбон» бо сабаби набудани маблағ самарабахш истифода бурда намешавад. Инчунин дар мамлакат марказҳои  барқарор сохтани саломатии маъюбон вуҷуд надоранд ва онҳо дар корхонаҳо бо кор таъмин карда намешаванд.         Номбурда зикр намуд, ки  шароити муассисаҳои махсуси  табобати маъюбон ба талаботи имрӯза мувофиқ нестанд. Инчунин фаъолияти бисёр хона — интернатҳо бо сабаби набудани маблағ ниҳоят душвор гардидааст. Баъзеи онҳо барои бартараф сохтани душвориҳои моддӣ хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намуда, бо парвариши  чорвою мурғ, занбӯри асал ва  ташкили гармхонаҳо машғул мешаванд. Ин тадбирҳо таъминоти  маъюбонро бо озуқа то андозае беҳтар менамояд.            Муовини сардори Раёсати таҳқиқи  проблемаҳои соҳибкорӣ ва  рушди сектори хусусии Маркази мазкур Баҳор Қамаров зикр кард, ки  дар Кодекси андози Тоҷикистон барои маъюбон силсилаи имтиёзҳо  пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла  аз маблағи барои хизматрасонии маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм пешбинишуда андоз гирифта намешавад. Ин дар давоми як моҳ қариб ба 250 сомонӣ мерасад. Инчунин маъюбоне, ки кор мекунанд, аз пардохти андози арзиши илова озод карда шудаанд. Илова бар ин шахсони маъюб аз пардохти андози замин, андози хариди қитъаи замини назди ҳавлӣ ва  қитъаи замин барои сохтани иморат низ озод мебошанд. Ба қавли коршиносони Марказ, ин шароитҳо барои  фаъолияти фардии  соҳибкорони маъюб шароити мусоид  муҳайё месозанд.

Декабрь 3, 2008 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад