ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲАМКОРӢ

Декабрь 4, 2008 16:30

          Душанбе, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»). – Сафари  расмии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар  Украина  давом  дорад. Дар  ҷараёни он  силсилаи  ҳуҷҷатҳои  ҳамкории  ҳар  ду  кишвар  имзо карда  мешаванд. Аз Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии  назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   имрӯз дар  пойтахти  Украина  Созишномаи ҳамкории  Ҳукуматҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Украина  дар  бораи   ҳамкорӣ  дар  соҳаи  туризм  ва  Созишномаи  ҳукуматҳои  хар  ду  мамлакат   дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  тарбияи  ҷисмонӣ ва  варзиш  имзо   карда  шуданд. Ин  ҳуҷҷатҳоро  аз  ҷониби  Тоҷикистон Раиси  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  мамлакат  Маликшо Неъматов  имзо кард.

Декабрь 4, 2008 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд