ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ
Душанбе, 1 декабр. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар пойтахти Фаронса — Париж намояндагони ЮНЕСКО ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ меморандуми ҳусни тафоҳумро имзо карданд. Ҳуҷҷати мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди ЮНЕСКО ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, иттилоот, алоқа, фаъолияти бойгонӣ, варзиш, туризм ва кор бо ҷавонон имкониятҳои иловагии ҳамкорӣ муҳайё месозад. Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ соли 2006 бо қарори сарони ҳукуматҳои ИДМ таъсис ёфта буд. Соли равон ба бунёди мазкур Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳ шуд. Меморандумро директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Матсуура ва раиси садорати бунёди зикршуда, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷонсаид Тӯймабоев имзо карданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






