ИППОДРОМ ВА ХОНАИ АҚДИ НИКОҲ РОҲБАРОНИ НАВРО ИНТИЗОРАНД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ишғоли вазифаҳои директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром» ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он, аз 29-уми декабри соли 2008 то 4-уми феврали соли 2009 дар пойтахт барои ишғоли вазифаҳои дар боло зикршуда озмун гузаронида мешавад. Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, қарори мазкур мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуда, мақсади он дарёфти кадрҳои дорои малака ва касбияти баланди роҳбарӣ мебошад. Озмун 4-уми феврал дар пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






