ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ҲИСОБИ БУХГАЛТЕРӢ ДАР ИДМ ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Сардори раёсати методологияи ҳисоби бухгалтерӣ ва тафтиши молиявии вазорати молияи ҷумҳурӣ Гулмира Ҳамроқулова дар Маскав дар маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози ҳисоби бухгалтерии Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Анҷумани муҳосибон ва муфаттишони Русия ширкат варзид. Иштирокчиёни маҷлис қарор доданд, ки ислоҳоти низоми ҳисоби бухгалтерӣ ва тафтиши молиявӣ дар асоси меъёрҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ ва меъёрҳои байналхалқии тафтишоти молиявӣ давом дода шавад. Дар маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз масъалаҳои ба ҳамдигар мувофиқ сохтани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуданд, ки масъалаҳои марбут ба ҳисоби бухгалтериро ба танзим медароранд. Маҷлиси мазкур бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи муҳосибон ва муфаттишони касбии Русия, Академияи буҷет ва хазинадории вазорати молияи Русия бо кӯмаки Думаи давлатӣ гузаронида шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






