КӮҲҲО ДИҚҚАТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ҶАЛБ КАРДААНД

Декабрь 11, 2008 16:07

          Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии кӯҳро таҷлил менамоянд.   Лозим ба ёдоварист, ки 5 сол муқаддам, 11-уми декабри соли 2003 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали  Муттаҳид дар ин хусус қарор қабул гардид. Ин иқдом аз ҷониби Асамблеяи Генералии СММ бо мақсади рушди минтақаҳои кӯҳистон андешида шудааст. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо мақсади рушди минтақаҳои кӯҳӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Бояд зикр намуд, ки аз чор як қисми рӯи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки он баробар ба 20 фоизи минтақаҳои аҳолинишин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари кӯҳистон шинохта шудааст. 93 фоизи ҳудуди кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Яке аз қуллаҳои баландтарини ҷаҳон — қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳур аст, дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир буда, 7 ҳазору 495 метр баландӣ дорад.

Декабрь 11, 2008 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад