КӮМАКИ КОМИССИЯИ АВРУПО БА АҲОЛИИ ВОДИИ ЗАРАФШОН

Декабрь 18, 2008 11:00

                     Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Созмони кишоварзии Олмон дар доираи барномаи Комиссияи Аврупо таҳти унвони «Муҳити зист ва идораи самарабахши захираҳои табиӣ, аз ҷумла, манбаъҳои қувваи барқ» ба аҳолии водии Зарафшон барои мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия кӯмак мерасонад. Созмони мазкур дар ин ҷо барномаро бо номи «Самаранокии истифодаи энергия дар хоҷагиҳои шахсӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» — ро амалӣ месозад. Барномаи мазкур аз 1 январи соли 2009 оғоз ёфта, то моҳи июни соли 2011 давом мекунад.                    Ҳадафи асосии ин барномаҳо беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолии камбизоати ду ноҳияи водии Зарафшон — ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Барои иҷрои барнома бештар аз 805 ҳазор евро ҷудо карда шудааст. Ин маблағ асосан барои истифода бурдани манбаъҳои ғайримуқаррарии қувваи барқ дар хоҷагиҳои шахсӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сарф карда мешавад.

Декабрь 18, 2008 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд