КӮМАКИ КОМИССИЯИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН

Декабрь 4, 2008 16:53

            Душанбе, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Дар  байни  Комиссияи  Аврупо  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  доираи  ҳамкории  дуҷониба  ба  маблағи  14  миллион евро  бо  мақсади  дастгирии  ҷараёни  ислоҳоти фаъолияти  Ҳукумати  мамлакат Созишномаи дуюми  молиявӣ  имзо  шуд. Ин  ҳуҷҷат  созишномаи аввалиро  пурратар  мегардонад, ки   моҳи  январи  соли равон   ба  маблағи  9 миллион  евро   имзо  шуда буд. Тибқи  ин  созишномаҳо,  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  муқаррар  намудан,  идора  кардан ва таъмини  самаранокии  сиёсати   давлатӣ  дар  соҳаи  ҳифзи  иҷтимоӣ  кӯмаки  молиявӣ  расонда  мешавад. Дар  асоси  созишномаҳо  дар  давоми  ду  соли оянда  ба  Тоҷикистон   барои  дастгирии  буҷет  17,5  миллион   евро  кӯмак  расонда  мешавад. 5,5  миллион  евро  баъдан  ҳамчун  кӯмаки  техникӣ  дода  хоҳад  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ҳадафи  имзои  созишнома  расондани  кӯмак  ба  гурӯҳҳои  камбизоати  аҳолӣ  мебошад.

Декабрь 4, 2008 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд