КАРТОШКА ҶАМЪОВАРӢ НАШУДА, ЗЕРИ БАРФУ БОРОН МЕМОНАД

Декабрь 17, 2008 14:22

                    Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соҳаи картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва муҳим дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар маҳсуб меёбад,- иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ С. Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».                     Тибқи маълумоти фаврии Раёсати мазкур, дар ин рӯзҳо тамоми корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҷамъоварӣ ва захираи картошка машғуланд.                    Дар соли ҷорӣ дар масоҳати 9827 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки аз он то имрӯз 9360 гектараш ҷамъоварӣ шудааст. Ҷамъоварии картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300 га камтар аст.                     Бо сабаби суст будани ташкили кор, картошка ҷамъоварӣ нашуда, зери барфу борон мемонад. Тибқи нақша, дар соли 2008 ҷамъоварии 212 ҳазору 931 тонна картошка дар назар аст. То 8-уми декабри соли 2008 189 ҳазору 279 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин баробар ба 89 фоизи нақшаи пешбинишуда аст.

Декабрь 17, 2008 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад