«КИШОВАРЗ» БО «ПИВЗАВОД» МУСОБИҚА КАРДА, ДАСТБОЛО ШУД

Декабрь 10, 2008 14:36

           Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, кумитаи иттифоқҳои касабаи вазорат бо дастгирии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов аз ҳисоби ҷавонони варзишгари вазорат дастаи футболи «Кишоварз»-ро дар ҳайати 20 нафар таъсис дод.  Сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии вазорат Юсуф Қурбонов роҳбари даста таъин шуд. Дастаи «Кишоварз» аз 27-уми октябр то 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба муносибати Иди «Меҳргон» бо дастаҳои футболи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, дастаи «Пивзавод» ва боз ҳафт дастаи мухталиф қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷои аввал дониста шуд. Дастаи «Кишоварз» тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли 2009 барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва дарёфти роҳхат ба лигаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро давом диҳад.                                                

Декабрь 10, 2008 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд