КОМЁБИИ ТАЭКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзида, 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 38 варзишгар иштирок намуд. Дар ҷараёни мусобиқа варзишгарон Фарҳод Неъматов, Насриддин Ворисов, Сунатулло Шеров, Сергей Ли, Шаҳноза Бобокалонова ва Бунафша Саидалиева соҳиби медали тилло, варзишгарон Алишер Гулов, Ҷамшед Сайфиддинов, Ғанӣ Имомов, Диловар Зайниддинов, Парвина Розиқова, Таҳмина Хоҷаева ва Адолат Сафарова соҳиби медали нуқра шуданд. Медали биринҷӣ насиби варзишгарон Амриддин Мирзоев, Хисрав Ғиёсов ва Шаҳриёр Каримов гардид. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа аз рӯи ҳисоби умумӣ баъди соҳибони майдон ҷои дуюмро ишғол намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






