КОРШИНОСОН БАРНОМАИ ТАКМИЛИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

Декабрь 17, 2008 16:57

               Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — Дар Душанбе маҷлиси гурӯҳи кории давлатҳои ИДМ бахшида ба муҳокима ва такмили сиёсати муҳоҷират давом дорад. Дар он гурӯҳҳои коршиносон аз Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Иштирокчиёни маҷлис зикр карданд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатии муҳоҷират бартараф сохтани оқибатҳои манфии ҷараёни муҳоҷират, танзими муҳоҷирати коргарон, муҳайё сохтани шароит барои эҳтироми ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар қаламрави давлатҳои ИДМ мебошад.              Бо ин мақсад дар маҷлис барномаи махсус баррасӣ карда мешавад. Дар он самтҳои асосӣ ва роҳу усулҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати коргарон дар қаламрави ИДМ ифода ёфтаанд. Барнома ҳадафу вазифаҳо ва принсипҳои ҳамкориро дар ин соҳа муайян менамояд. Қайд карда шуд, ки аз Федератсияи Русия ва мамлакатҳои дигар рондани коргарони муҳоҷири тоҷик оқибати манфии ахлоқию моддӣ дошта метавонад.              Дар маҷлис зикр шуд, ки вақтҳои охир коршиносон масъалаи амалӣ сохтани сиёсати «авфи» коргарони муҳоҷирро бештар мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин сурат коргарони муҳоҷири аз баъзе мамлакатҳо рондашуда имконият пайдо мекунанд, ки мувофиқи қонун ба мамлакатҳои қабулкунанда баргашта, аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд.Тарҷумон — Қудратов А.  

Декабрь 17, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд