КУШТОРИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКРО ЯКЕ АЗ СОЗМОНҲОИ МИЛЛАТГАРО БА ЗИММА ГИРИФТ

Декабрь 15, 2008 16:30

            Душанбе,  15  декабр.(АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –  Сардори  раёсати иттилооти  ВКХ  Тоҷикистон  Давлат  Назриев  воқеаи   куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди тоҷикро  дар   вилояти  Маскав  шарҳ  дода,  зикр  намуд, ки  маъмурияти  ҷумҳурӣ  шаҳрвандони  худро   дар  мавриди  ҳадафи  ҳуҷум  ва  муносибатҳои  бераҳмона  қарор  гирифтанашон  ҳамеша  ҳифз  мекард  ва  мекунад. Қайд  карда  шуд, ки  ВКХ  Тоҷикистон   вобаста  ба  куштори  шаҳрванди  Тоҷикистон  дар  вилояти  Маскав  ба  намояндагии  дипломатии  Русия  дар  Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ  супурдааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  масъулияти  куштори  шаҳрванди тоҷик  С.Азизовро  яке  аз   созмонҳои то  ҳол  номаълуми  ифротгарои «Созмони  ҷангии  миллатгароёни рус»  ба  зимма  гирифтааст. Дар  ин  бора  варақае   шаҳодат  медиҳад, ки   баъди  содир  намудани  ҷинояти  мазкур    ба  чанд  созмони  муҳофизи  қонун фиристода шуд. Дар  варақа ба унвони мансабдорони  давлатию  ҳукуматии  Русия  таҳдид карда  мешавад. Аз  ҷумла,  гуфта  мешавад, ки  агар  мансабдорон  боз  ҳам бештар  ба омадани  коргарони  муҳоҷир   ба  Русия  мусоидат  кунанд,  сари  худи онҳо  аз тан  ҷудо  карда  хоҳад  шуд.  Аз рӯи  маълумоти  мавҷуда, айни  ҳол  дар  саросари  Русия  бештар аз  600 ҳазор коргари  муҳоҷири тоҷик  кору  зиндагӣ мекунад. Аз рӯи  маълумоти  Дафтари  ҳуқуқи  инсони  Маскав,  теъдоди  қурбониёни  зӯроварию  ҳуҷумҳо  дар  заминаи  нафрату  хусумати  нажодию  миллӣ  дар  давоми  11  моҳи  соли  равон  1,5  баробар  афзудааст. Соли  2007  дар  Русия  74   мардикори тоҷик  кушта  шуда буд,  шумораи  онҳо   дар  давоми 11  моҳи  соли  равон  аллакай  ба  114  нафар расид. 

Декабрь 15, 2008 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид