КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

Декабрь 15, 2008 12:39

             Маскав, 15  декабр.(АМИТ «Ховар» — Ҳалима  Хушқадамова). —  Шаҳрванди  Тоҷикистон, сокини 20 — солаи  деҳаи  Ҳоҷидурбии ноҳияи  Шаҳритус  Салоҳиддин Азизов 6  декабр дар ҷангалзори  наздикии  деҳаи  Жабкинои  ноҳияи  Ленини  вилояти  Маскав  ба таври  ваҳшиёна  ба  қатл  расонида шуд. Аз  намояндагии  Раёсати  муҳоҷирати  ВКД  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   Салоҳиддин  Азизов  ва  Ҷамолиддин  Алиеви  22 – сола  дар  ҳамин  деҳа  зиндагӣ  карда,  дар  анбори  сабзавоти  Покровский  кор  мекарданд. Ҳар  дуи  онҳо  ҳамон рӯзи  наҳс бо қатори  роҳи  оҳани  барқӣ  ба  маҳалли  истиқоматашон  бармегаштанд. Дар  роҳ  ду  шахси  номаълуми бо  туфангча  мусаллаҳ ба шарвандони  тоҷик  ҳуҷум  овард. Ба  Ҷ.Алиев  муяссар  шуд, ки  аз  маҳалли  фоҷиа  гурехта,  худро  наҷот  диҳад. Ҷасади  сарбуридаи  С. Азизов  баъди  як  рӯз  аз  минтақаи  ҷангалзор  ёфт  шуд.            Фарроши  яке  аз  маҳаллаҳои ноҳияи Можайск  субҳи  барвақт пакети  полиэтилениро  ёфт, ки  дар  он  сари  буридаи С.Азизов  андохта шуда буд. Пеш аз ин  шахсони  номаълум  ба  воситаи   телефони  мобилӣ  ба баъзе  созмонҳои ҳомии  ҳуқуқ  сурати  сари  буридаи  шаҳрванди тоҷик  ва  варақаеро  фиристоданд, ки  муаллифони он  аъзои «Созмони ҷангии  миллатгароёни рус»  буданд. Дар  варақа  гуфта  мешуд : «8  декабр  сари  буридаи  яке  аз ишғолгарони аз  Осиёи  Марказӣ  ба  Русия  омада  ба  бинои  маъмурияти  ноҳияи  Можайски  шаҳри  Маскав  партофта  шуд. Ба мо миллионҳо  нафар қафқозиҳо  ва Осиёи Марказиҳо  лозим  нестанд. Агар  мансабдорон  мисли  пештара  намояндагони  миллатҳои  дигарро  ба  Русия  оранд,  мо  ба  нест  кардани  худи  мансабдорон  шурӯъ  мекунем…»                                   Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  вобаста ба  ин  воқеаи  мудҳиш  парвандаи  ҷиноӣ  кушода  шуд ва  тафтиши он  давом  дорад.

Декабрь 15, 2008 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд