КВД «ДУШАНБЕВОДОКАНАЛ» ОГОҲ МЕКУНАД

Декабрь 19, 2008 09:28

                 Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбеводоканал» Мирзо Хушвақтов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо мақсади иҷрои корҳои тармимӣ дар шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе аз соати 8 — и 19 декабр то соати 8 — и 21 декабри соли 2008 ҳаҷми интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони ва истифодабарандагони об дар ноҳияи Сино — маҳаллаҳои Калинин, Меҳробод, Алии Ҳамадонӣ, маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишикор, Муҳандис ва маҳаллаҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, маҳаллаҳои якуму дуюми Испечак, маҳаллаҳои якуму дуюми Зарафшон, дар кӯчаи Қаҳҳоров ва маҳаллаи Дарвоз, инчунин маҳаллаҳои 41, 42, 43, 44, 45, 46 — и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Маркази барқу гармидиҳӣ маҳдуд карда мешавад. Бинобар ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми зарурии обро барои ду шабонарӯз захира кунанд.               Мирзо Хушвақтов афзуд, ки баъди анҷом ёфтани корҳои тармимӣ ба сокинони маҳаллаҳои мазкур бе огоҳии махсус об дода мешавад.

Декабрь 19, 2008 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд