ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ЧКАЛОВСК БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Декабрь 11, 2008 16:17

         Чкаловск, 11 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). –  Роҳбари  Ҷамъияти  саҳомии «Капиталстройсервис»  Ғаниҷон  Додобоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  то  имрӯз дар  сохтмони  бинои Литсейи  Президентӣ  дар  шаҳри  Чкалоск  4  миллион  сомонӣ  сарф  шуд. Вай  зикр  намуд, ки  сохтмони  бинои  мазкур  солҳои  80 – уми  асри  гузашта  оғоз  ёфта  буд. Тибқи  нақша,  дар  ин  ҷо  мебоист мактаби  намунавӣ  сохта  мешуд. Сохтмони  бинои  литсей   ба  зиммаи  коргарону  мутахассисони  Ҷамъияти  саҳомии  «Капиталстройсервис»  гузошта  шудааст.           Ғ.Додобоев  афзуд, ки   акнун  дар  ин  ҷо  ба  ҷои  мактаби  намунавӣ  Литсейи  Президентӣ  сохта  мешавад.  Маблағи  боқимонда барои  сохтмони он   аз  буҷети  вилоят  ҷудо  карда  мешавад. Бинои  литсей  рӯзҳои  таҷлили иди   Ваҳдат  ба  истифода  дода  мешавад, ки имсол дар  Хуҷанд  ҷашн  гирифта  хоҳад  шуд. Дар  литсей  аз  тамоми  гӯшаю  канорҳои  мамлакат  1296  талаба  таҳсил  мекунад.

Декабрь 11, 2008 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд