М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ОРДЕНУ МЕДАЛ СУПОРИД
Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 -уми декабр дар анҷоми иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинонаш, раисони вилоятҳои Суғд Қоҳир Расулзода, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони кумитаҳои палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳкам Маҳмудов ва Мамадшо Илолов медали ҷашнии «15-умин солгарди Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия»-ро супорид. Ҳамчунин ба М. Маҳмудов ва М.Илолов ордени фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ «Содружество» («Ҳамбастагӣ») супорида шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ суханронӣ карда, гуфт, ки намояндагони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон маҳз бо шарофати нақши босазояшон дар тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо чунин мукофотҳои олӣ сазовор гардиданд. -Ин раванд аз рушди парламентаризм дар мамлакат шаҳодат медиҳад, -зикр кард М. Убайдуллоев. Ҳамчунин, М. Убайдуллоев ба ду аъзои Маҷлиси миллӣ- Абдуҷаббор Зардиев ва Нарзулло Ҷонов ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ -ро супорид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






