М. УБАЙДУЛЛОЕВ ДАР КИТОБИ ТЕАТРИ МИЛЛИИ ПЕКИН СОЯДАСТ ГУЗОШТ

Декабрь 3, 2008 16:22

         Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар чаҳорчӯбаи сафари  расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин,  3-юми  декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убйдуллоев Театри миллии Пекинро тамошо карда, ба ҳайси ташрифоварандаи ифтихорӣ  соядасти худро дар китоби Театр гузошт. Тавре ёвари Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат оид ба робита бо ВАО ва СҒД Шавкат Саидов аз Пекин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  М. Убайдуллоев бо муовини раиси Комиссияи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқ, академик Лу Юнсян мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд. Онҳо ба сатҳи муносибатҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвари дӯст, бахусус робитаҳои байнипарлумонӣ  баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, имрӯз мулоқоти М. Убайдуллоев бо президенти «Эксимбонк» Ли Жогу ва раиси Комиссияи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Банго дар назар аст. 

Декабрь 3, 2008 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад