М. УБАЙДУЛЛОЕВ «ДУРДОНАҲОИ ШАРҚ»-И ШАНХАЙРО ТАМОШО КАРД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 декабр дар ҷараёни сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи ин кишвар –Шанхай рафт. Тибқи иттилои ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Шавкат Саидов, раиси Маҷлиси миллӣ аз як қатор иншооти муҳими шаҳри Шанхай дидан намуд. Аз ҷумла, М. Убайдуллоев манораи телевизионии «Дурдонаи Шарқ», шабакаи поезди суръатнок — «Лунян»-ро тамошо кард. Инчунин, 4-уми декабр М. Убайдуллоев бо раиси Комиссияи доимиии Маҷлиси намояндагони шаҳри Шанхай Лю Юнган вохӯрда, масъалаҳои муҳими тақвияти робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Шанхайро баррасӣ карданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






