М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «РАИСҲО, НАЗОРАТРО ПУРЗӮР НАМОЕД!»

Декабрь 30, 2008 13:48

           Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади тақвияти нақши институти ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи риояи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинии сокинони пойтахт, моҳҳои январ, феврал ва март дар пойтахт  интихоботи озоду кушоди раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо доир карда мешавад,- зикр гардид дар ҷаласаи навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд.           Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масъалаи риояи қонунгузории кишвар оид ба танзими расму оин, фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо дастур дод, ки ҷиҳати камхарҷ гузаронидани маъракаҳо назоратро пурзӯр намоянд.           Инчунин, барои сазовор истиқбол гирифтани Соли нави мелодии 2009 ва таъмини иҷрои нақшаҳои дахлдори роҳбарияти пойтахт, раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт супориш дод, ки дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳои идона баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокдорон тамоми чораҳои заруриро андешанд. 

Декабрь 30, 2008 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд