МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ МУДИРИ ШӮЪБАРО АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ КАРД

Декабрь 16, 2008 14:09

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо хулоса аз натиҷаи фаъолияти соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва проблемаҳои дар он ҷойдошта, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳр Насриддин Ваҳҳобовро аз вазифа сабукдӯш намуд. Дар ҷаласа масъулини соҳаҳои марбутаи пойтахт доир ба истифодаю идораи моликияти коммуналӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва вазъи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти коммуналӣ, хусусан дар бораи риояи системаи чиптавии мусофиркашонии пойтахт гузориш доданд. Раиси шаҳр зикр кард, ки бо сабаби воқиф набудани мусофирон  ва ба таври дилхоҳ ташкил накардани  назорати зарурӣ, алҳол низоми чиптавӣ ба таври самарабхш истифода намегардад. Ба андешаи раиси шаҳр, ин тадбир манфиатбахш ва бебозгашт аст. Аз ин рӯ, М. Убайдуллоев ба директорони корхонаҳои коммуналии мусофиркашониро якҷоя бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт супориш дод, ки назорати тадбиқи доимии системаи мавҷударо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Декабрь 16, 2008 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд