МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 18 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат бахшида ба беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он таъкид карда шуд, ки барои беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани сармоягузории бевоситаи хориҷӣ, инчунин рушди тиҷорат низоми мавҷудаи танзимро такмил додан зарур аст. Зикр шуд, ки Шӯрои машваратӣ айни ҳол самарабахш кор мекунад. Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо Метю Ле Блан баъди маҷлис зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор кард, ки дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар ҷараёни муқоисаи фаъолияти он бо сохторҳои дигар хулоса бароварда мешавад. Шӯро ҷараёни ислоҳотро ҳамаҷониба таҳлил карда метавонад. Раиси ширкати «Тезис Тоҷикистон Лимитед» Давид Робсон зикр кард, ки айни ҳол шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то андозае ҷолиби диққат мебошад. Бинобар ин ширкати мо тайёр аст, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат сармоя гузорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






