МАҶЛИСИ ПАЛАТАҲОИ ПАРЛУМОНҲОИ РУСИЯ ВА ҶТ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Декабрь 17, 2008 12:43

         Душанбе,  17  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). –  Дар  Маскав  мулоқоти   роҳбарони  палатаи  тиҷоратию  саноатии  Русия  бо  ҳайати  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии  раиси   комиссияи  байнипалатавии  парлумонҳои  ҳар  ду  мамлакат   дар  масъалаи   ҳамкории  Думаи  давлатӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони  мамлакати мо   аз  ҷониби  Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов  баргузор  гардид. М.Исломиддинов   зикр  кард, ки  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявию  иқтисодӣ ба  муносибатҳои  ҳар  ду  мамлакат  таъсири  манфӣ  расонд,  дар  натиҷа  иҷрои  баъзе   барномаҳои  муштарак   хеле  суст  гардид.  Вақтҳои охир,  хусусан  иҷрои  созишномаи  ҳукуматҳои  ҳар  ду  мамлакат  дар  масъалаи  коргарони  муҳоҷир  сабаби ташвишу  изтироб  мегардад.  Коргарони  муҳоҷир  аз  корхонаҳои  Русия  ба  миқдори  хеле  зиёд  аз  кор  озод  карда  мешаванд. Ин  ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон таъсири  калони  манфӣ  мерасонад. Қайд  карда  шуд, ки    аз  рӯи  натиҷаҳои  соли  2007  — ум   20  фоизи  хаҷми  умумии  хариду  фурӯши мол  дар  байни Тоҷикистону  мамлакатҳои  дигар  ба Русия рост  меояд. М.Исломиддинов  пешниҳод  кард, ки  дар   Палатаи  тиҷоратию  саноатии  Русия   барои  омӯзиши   масъалаҳои бо  кор таъмин  кардани  коргарони  муҳоҷир  комиссияи  алоҳида ташкил  карда  шавад. Ғайр  аз  ин   дар Думаи  давлатии  Русия  маҷлиси  комиссияи  ҳамкории  байнипалатавии  Русия  ва  Тоҷикистон  баргузор  гардид.  Дар  он  натиҷаҳои  фаъолияти  комиссия   дар  соли  гузашта,   ҳамкорӣ  дар   соҳаи  муҳоҷирати  коргарон,  ҳифзи  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  ҳар  дуи  ин мамлакатҳо, нақшаҳои  рушди  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  низомӣ  ва ҳамкории  палатаҳои  поёнии  парлумони  Тоҷикистон   ва  Думаи  давлатӣ   муҳокима  шуданд. Тибқи  қарори  қабулшуда  маҷлиси  ояндаи  комиссияи  ҳамкории  палатаҳои  парлумонҳои Русия  ва  Тоҷикистон  моҳи  майи   соли  оянда  дар  Душанбе  баргузор  мегардад.

Декабрь 17, 2008 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд