МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ҚАРИБ ЯК БАРОБАР ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷиргатол, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2652 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд, ки аз он ҷамъоварии 55 ҳазор тонна картошка дар назар аст. Ҳоло дар ноҳия бештар аз 40 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар давоми ду соли оянда майдони кишти картошка қариб як баробар зиёд карда мешавад. Пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби заминҳои нави обёришаванда майдони кишти картошка зиёд карда мешавад ва истеҳсоли солонаи картошка ба 75 ҳазор тонна расонида мешавад. То соли 2015 майдони кишти картошка дар ноҳия ба 5 ҳазор гектар расида, истеҳсоли солонаи картошка ба 100 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






