МАКТАБҲОИ ИШКОШИМ ХУЛОСАИ МУСБАТИ ТАШХИСӢ НАДОРАНД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар соли 1974 аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрострой» бо назардошти тамоми инфраструктураи шаҳрсозӣ таҳия гардидааст. Вале мутаассифона имрӯз дар маркази ноҳия иншоот мухолифи нақшаи генералӣ, берун аз хатти сурхи сохтмонӣ бунёд шудаанд. Сохтмони мактаби №3 дар деҳаи Намадгуди поён хулосаи мусбати ташхиси лоиҳа надорад. Бунёди таҳкурсии бино бе гузоштани арматура, мухолифи меъёрҳои сохтмон ба иҷро расид. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки он сертификати сифатнокии масолеҳи сохтмонии истифодашударо надорад. Мактаби №35-и деҳаи Гармчашма низ барои таъмири асосӣ асноди лоиҳавии хароҷотӣ надорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






