МАРҶУМАК БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ АСАЛ ШАҲДДИҲАНДАИ БЕҲТАРИН АСТ

Декабрь 19, 2008 09:20

                  Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Марҷумак аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни зироатҳои ғалладонагӣ дар ҷойи аввал меистад. Он барои истеҳсоли асал шаҳддиҳандаи аз ҳама беҳтарин аст.Аз як гектар киштзори марҷумак 80-100 кг асал гирифтан мумкин аст, ки чунин шаҳднокиро ҳеҷ намуди гул ва зироат надорад.                 Марҷумак ба риоя намудани мӯҳлати кишт эҳтиёҷи калон дорад. Давраи нашъунамои ин зироат хеле кӯтоҳ аст. Мӯҳлати мӯътадили кишти такрории марҷумак моҳи июн ва июл мебошад. Он то моҳи октябр пурра мерасад.                 — Марҷумак ба хунукӣ тобовар нест. Аз ин рӯ, онро тарзе кишт кардан лозим аст, ки то даҳҳаи авали моҳи октябр пурра ҷамъоварӣ гардад,- иброз дошт президенти Академияи кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Декабрь 19, 2008 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд