МАШВАРАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МИНСК
Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 8 декабр дар Минск машварати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ кушода мешавад. Дар он асосан масъалаҳои марбут ба рушду ислоҳоти фаъолияти ИДМ муҳокима карда мешаванд. Ба қавли коршиносон машваратҳои намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ яке аз усулҳои самарабахши ҳамкории давлатҳои ИДМ аст. Дар ҷараёни машварат проблемаҳои фаъолияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои дар Маҷмаи кулли СММ муҳокимашаванда, ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва муборизаи муштараки онҳо ба муқобили таҳдидҳои замони ҳозира ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ на танҳо натиҷаҳои ба дастомада, балки нақшаҳои оянда ва проблемаҳои мавҷударо низ баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






