МОДДАҲОИ ТАРФГАРӢ ПИНҲОНӢ БА ҶУМҲУРӢ ВОРИД МЕШАВАНД

Декабрь 29, 2008 10:43

            Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар роҳи мошингарди Қизтақуз-Хуҷанд истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – ронандаи мошини сабукрави тамғаи «Опел- Астра» (рақами давлатияш ВР 46 94 02 РТ) Абдуҷалил Самадов ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони гумруки вилояти Суғд боздошт гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили нақлиёти мазкур 3 қуттии маводи тарфгарии «Золотой песок» ба миқдори 366 адад, фейерверк «Пули пулемет» ба миқдори 33 адад, мушаки «Ракета» як адад ва 3 қуттӣ оташфаввора ба миқдори 86 406 адад дарёфт гардид. Онҳоро Зокирҷон Раҳмонов бо роҳи пинҳонӣ, ғайриқонунӣ бо воситаи нақлиёти Абдуҷалил Самадов аз деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд ворид намуда, мехост ба муомилоти озод барорад. Муфовиқи хулосаи ташхисии маводи аз Зокирҷон Раҳмонов дарёфткардашуда, он ба моводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил мешавад.

Декабрь 29, 2008 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд