МУҲОКИМАИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАЙАТҲОИ НОЗИРОНИ ИДМ ДАР МИНСК

Декабрь 16, 2008 16:37

           Душанбе,  16  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – 17   декабр  дар  шаҳри  Минск   дар  мавзӯи «Таҷриба  ва  роҳҳои   беҳтар  сохтани  фаъолияти  ҳайатҳои  нозирони ИДМ   дар интихоботи  мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳод»   машварат  баргузор   мегардад. Дар  он  масъалаҳои  роҳу  усулҳои гузаронидани  интихобот  дар  замони  ҳозира,  риояи  принсипҳои  демократия  дар  ҷараёни  гузаронидани  интихобот,  меъёрҳои  байналхалқии  интихоботӣ   ва  ҳамкорӣ  бо  созмонҳои  байналхалқӣ  дар  гузаронидани  интихобот ва  ғайра  муҳокима  карда  мешаванд. Дар  машварат аъзои  Комиссияи  марказии  интихобот  ва раъйпурсии Белорус,  намояндагони  комиссияҳои   марказии  интихобот  ва  вазоратҳои  корҳои  хориҷии  Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия,  Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  ширкат  меварзанд.

Декабрь 16, 2008 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд