МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ ҚАРОР ДАР БОРАИ МУАССИСАҲОИ БАЙТОРИИ МАМЛАКАТҲ

Декабрь 13, 2008 11:45

               Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 15 декабр дар шаҳри Минск маҷлиси дуввуми гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи қарор дар бораи муассисаҳои байтории давлатҳои ИДМ мувофиқа карда хоҳад шуд. Қарори мазкур имконияти таъсиси ташкили сохторҳои давлатиро дар мамлакатҳои ИДМ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаҳои байторӣ ва расондани кӯмаки молиявии ҳукуматҳо ба ин муассисаҳоро пешбинӣ менамояд.               Дар маҷлис инчунин пешниҳод дар бораи ташкили Шӯрои ҳамоҳангсози Иттифоқи байналхалқии «Ҷамъиятҳои собиқадорон ва нафақахӯрони давлатҳои мустақил» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳадафи ташкили Шӯрои мазкур ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва манфиатҳои иқтисодии ветеранҳо, собиқадорони кор ва нафақахӯрон, инчунин тақвияти фаъолияти марбут ба тарбияи ватандӯстию интернатсионалии ҷавонон ва фош кардани кӯшишҳои таҳрифкунандагони таърихи рушди давлатҳои ИДМ мебошад.  

Декабрь 13, 2008 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад