МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ТУРКИЯ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ
Анқара, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – Намояндагони Шӯрои муносибатҳои иқтисодии берунии Туркия ва кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия 3 декабр дар шаҳри Анқара мулоқот карданд. Ҳадафи мулоқот ҷалби бештари сармояи соҳибкорону тоҷирони Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Сафири кабири Тоҷикистон дар Туркия Шӯҳрат Султонов ба мусоҳибонаш дар бораи барномаҳои калонҳаҷми иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати бофандагӣ, энергетика ва сохтмони биноҳои истиқоматӣ маълумот дод, ки ба сармоя ниёзи калон доранд. Намояндагони Шӯрои муносибатҳои иқтисодии берунии Туркия кормандони сафоратхонаи Тоҷикистонро дилпур сохтанд, ки бо ҳар роҳу восита ба ҷалби сармояи тоҷирони соҳибкорони мамлакаташон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






