МУҲОКИМАИ НАҚШАИ ТАДБИРҲОИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРӢ

Декабрь 4, 2008 12:14

           Душанбе, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  Имрӯз  дар  шаҳри  Минск  маҷлиси  навбатии   гурӯҳи  коршиносони  мамлакатҳои  ИДМ  баргузор  мегардад. Дар он масъалаи   такмили  нақшаи  тадбирҳои  афзалиятноки   ҳамкории  гуманитарӣ  барои  ду  соли  оянда  муҳокима  карда  мешавад.  Барнома  ҳамкориро  дар  соҳаҳои  фарҳангу  маориф,  илм,  иттилоот, алоқа,  варзиш,  туризм  ва  кор  бо  ҷавонон  дар  бар  мегирад. Лоиҳаи  ҳуҷҷат  такмилу  таҷдиди  ҳуҷҷатҳои  нави  меъёрӣ, гузаронидани мулоқоту  семинарҳо,  симпозиумҳо,  конфронсҳо  ва озмуну   намоишгоҳҳои  муштарак,  таъсиси ҷоизаҳо, пахши барномаҳои  муштараки  телевизиону  радио  ва ғайраро  пешбинӣ  мекунад. Коршиносон  нақшаи  тадбирҳои  ҳамкориро   бо назардошти  пешниҳоду мулоҳизаҳои ба миёнгузоштаи намояндагони  Озарбойҷон,  Арманистон,  Белорусия,   Қазоқистон, Қирғизистон, Россия,  Бунёди  байнидавлатии ҳамкории  гуманитарӣ ва  Шӯрои  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  маорифи  мамлакатҳои  ИДМ  такмилу  таҷдид  хоҳанд  кард.

Декабрь 4, 2008 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд