МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР

Декабрь 10, 2008 17:09

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар» Наргис Бойахмедова).- Роҳбари гурӯҳи кор бо муҳоҷирон ва созмонҳои ҷамъиятии  Тоҷикистон дар сафоратхонаи Русия дар Душанбе М. Ғафуров бо сардори нави намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Тоҷикистон Зайнал Ҳоҷиев мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи гурӯҳ бо намояндагии Созмони ҷаҳонии  муҳоҷират дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. М. Ғафуров ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи натиҷаҳои  фаъолияти гурӯҳ ва кори он бо  муҳоҷирон  дар Тоҷикистон маълумот дод.З.Ҳоҷиев зикр намуд, ки  Созмони  байналхалқии муҳоҷират дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои поймол нагардидани ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир тадбирҳо меандешад. Ҳар ду ҷониб зикр карданд, ки  дар оянда низ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ то ҳадди имкон кӯмак расонанд.

Декабрь 10, 2008 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд