МУДИРОНИ АНБОРҲО, СОҲИЛИ РӮДХОНАРО ДИГАР ИФЛОС НАКУНЕД!

Декабрь 6, 2008 10:12

              Бадахшон, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Масъалаи тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва мубориза бар зидди олудашавии обу ҳаво сокинони ВМКБ-ро бетараф гузошта наметавонад.              Калонтарин шохаи рӯдхонаи Панҷ — Ғунд аз маркази шаҳри Хоруғ мегузарад. Соҳили рӯдхона ҳамеша пур аз партови гуногун аст.              4-уми ноябр Кумитаи ҳифзи табиат якҷоя бо Раёсати назорати санитарии вилоят вазъи тозагии соҳили рӯдхонаи Ғундро мавриди санҷиш қарор доданд.             Тавре аз Кумитаи ҳифзи табиати вилоят иттилоъ доданд, ба хотири риоя накардани қоидаҳои ҷойгиркунӣ ва безараргардонии партов аз сокинон ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Мудирони анборҳои бозори марказии шаҳр огоҳонида шуданд, ки соҳили рӯдхонаи Ғундро дигар ифлос накунанд.             Кумитаи ҳифзи табиати вилоят ва Раёсати назорати санитарии вилоят ба хулоса омаданд, ки минбаъд моҳе 3 маротиба вазъи тозагии соҳили рӯдхонаи Ғундро дар ҳудуди шаҳри Хоруғ месанҷанд.  

Декабрь 6, 2008 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид