МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ МУВАҚҚАТИИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁ
Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дирӯз бо намояндаи муваққатии ваколатдори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хинг Су мулоқот кард. Намояндаи Куриё ба Ш.Саид дар бораи таассуроташ аз сафари баъзе минтақаҳои мамлакат нақл карда, зикр намуд, ки Тоҷикистон барои рушди соҳаи энергетика, кишоварзӣ ва туризм имкониятҳои калон дорад. Шариф Саид ба мусоҳибаш дар бораи самтҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат маълумот дод, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Вай ҳамчунин дар бораи афзалиятҳои қонунгузорӣ ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сухан ронд. Сипас ба масъалаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои он дахл карда шуд. Мусоҳибон зикр намуданд, ки мамлакатҳояшон барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои калон доранд. Шариф Саид пешниҳод кард, ки бо ин мақсад дар Душанбе намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Куриё ва мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ташкил карда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод намуд, ки мутахассисони тоҷик дар соҳаи тиҷорат дар мактабҳои олии Куриё таҳсил кунанд. Меҳмон пешниҳодҳои раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро маъқул дониста, ваъда дод, ки барои амалӣ сохтани онҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






