МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҲИНДУСТОН

Декабрь 10, 2008 16:51

          Душанбе, 10 декабр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати  ҷумҳурӣ Шариф Саид зимни мулоқот бо сафири кабири Ҳиндустон дар Тоҷикистон  Омар Сингх масъалаҳои марбут ба ташкили корхонаҳои муштаракро дар мамлакат баррасӣ намуд. Мусоҳибон  аз  афзоиши  ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори  қаноатмандӣ намуданд. Зимни сӯҳбат инчунин масъалаҳои ба Тоҷикистон фиристодани  қисмҳои эҳтиётии мошинҳи сохти Ҳиндустон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон, парвози мустақими ҳавопаймоҳҳо дар байни ҳар ду мамлакат ва ғайра муҳокима шуданд. Баъдан ба масъалаи  ҳамкорӣ дар  масъалаи  тайёр кардани  кадрҳои варзидаи соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорат дахл карда шуд. Шариф Саид пешниҳод кард, ки соли оянда дар Тоҷикистон  намоишгоҳи молҳоии  сохти Ҳиндустон  ва мулоқоти тоҷирону соҳибкорони ҳар ду мамлакат ташкил карда шаванд.

Декабрь 10, 2008 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд