МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАХМОН БО ДЭВИД РОБСОН

Декабрь 19, 2008 09:50

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили ҳамкории ин ширкат бо Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи газу нафт баррасӣ шуд. Дэвид Робсон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаи омӯзиши конҳои нафту гази Тоҷикистон, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» дар ихтиёр дорад, гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз аллакай истихроҷи газ дар кони Комсомолски наздикии шаҳри Душанбе ва кони Хоҷа Сартези шаҳри Кӯлоб оғоз ёфтааст ва рӯзҳои наздик интиқоли он низ ба ин ду шаҳр ба роҳ монда мешавад. Ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе ҳар шабонарӯз аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад.                 Дэвид Робсон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бовар кунонд, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» то охири соли 2010 метавонад дар таъмини пурраи аҳолӣ ва саноати Тоҷикистон бо гази табиӣ нақши намоён гузорад. «Барои расидан ба ин ҳадаф вориднамоии техникаю таҷҳизот, технологияи иловагӣ ва ташкили корҳои омӯзишию истихроҷӣ бо сифат ва суръати баланд идома доранд», таъкид намуд Девид Робсон. Ба андешаи ӯ Тоҷикистон имкон дорад, дар давоми ду-се соли оянда эҳтиёҷоти худро бо гази табиӣ худӣ пурра таъмин намояд.                Дэвид Робсон пешрафти намоёни фаъолияти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид»-ро ҳамчунин нишонаи возеҳ аз фазои мусоиди сиёсӣ ва инвеститсионии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.               Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи созишномаи нави бо Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон баимзорасида ширкати мазкур бо сарфи 10 миллион доллари амрикоӣ корҳои зилзиласанҷиро низ ба роҳ мемонад.Дар мулоқот ҳамчунин оид дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Декабрь 19, 2008 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд