МУЛОКОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АРМАНИСТОН, РОССИЯ, ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОНУ &#11

Декабрь 19, 2008 18:05

                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бурабойи вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар вохўрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Арманистон, Россия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок намуд.                  Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни давлатҳои мазкур дар чаҳорчўби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия баррасӣ шуд.               Мавзўи асосии сўҳбати сарони давлатҳои мазкур андешидани чораҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои коҳишдиҳии таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ   ба кишварҳои худ буд.              Таъкид гардид, ки кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд дар муқобили бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамбастагии наздик дошта бошанд, то таъсири манфии он дастаҷамъона коҳиш дода шавад.               Оид ба тафсилоти вохўрии ғайрирасмии сарони давлатҳои мазкур, ки пагоҳ низ идома меёбад, иловатан хабар хоҳем дод.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ дод.

Декабрь 19, 2008 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд