МУСОБИҚАИ ТУФЛИПАРРОНӢ ДАР ЭРОН

Декабрь 26, 2008 11:01

Тэҳрон, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Радиостансия «Эхо Москвы»).- Имрӯз дар пойтахти Эрон мусобиқаи  туфлипарронӣ ба сӯи сурати Президенти ИМА Ҷорҷ Буш баргузор мегардад. Ин мусобиқа баъди адои намози ҷумъа дар ҳудуди Донишгоҳи Теҳрон гузаронида мешавад. Дар бораи  қоидаҳои гузаронидани мусобиқа ва  муукофотҳои он ягон хабар нарасидааст.Ҳадафи мусобиқа изҳори ҳамдилӣ бо хабарнигори ироқӣ мебошад, ки  чанде пеш зимни  нишасти матбуотии  Президенти ИМА ва сарвазири Ироқ ба сӯи Ҷ.Буш туфлиҳои худро партофта буд. Тавре хабар дода шуда буд, хабарнигори ироқӣ Мунтазир Алзайбӣ, ки  дар толор ҳузур дошт, ногаҳон аз ҷои худ бархоста  туфлиҳояшро бо навбат ба сӯи Ҷ.Буш ҳаво дод.Ба Ҷ.Буш муяссар шуд, ки  сарашро яктарафа карда аз зарбаи туфлиҳо халос шавад. Маъмурияти ширкати хусусии телевизионии Ироқ, ки Мунтазир Алзайдӣ дар он ҷо кор мекунад, то ҳол дар бораи аз кор рондани ӯ ягон қарор қабул накардааст. Дар изҳороти расмии ширкати мазкур гуфта мешавад, ки  ин иқдоми журналист ба принсипҳои озодии сухан ва демократия пурра мувофиқат мекунад ва ин пинсипҳоро худи ИМА  ба гардани мардуми Ироқ бор кардан мехоҳад.            Корхонаи  пойафзолбарории Туркия, ки  туфлиҳои ба сӯи Президенти ИМА партофташуда дар он дӯхта шуда буд, дар давоми чанд рӯз машҳур гашт. Маблағи даромади он дар ин муддат 4 баробар афзуда, тақрибан ба 300 ҳазор доллари ИМА расид. Қайд кардан лозим аст, ки барои дӯхтани чунин туфлиҳо ба корхона аз ИМА 18 ҳазор фармоиш ворид гардид. Мунтазир Алзайдӣ айни ҳол дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.  

Декабрь 26, 2008 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд