МУВАФФАҚИЯТИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Декабрь 11, 2008 11:59

           Душанбе, 11   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Дар  шаҳри  Нижневартовски  Федератсияи  Русия  мусобиқаи  дуюми  байналхалқии  дзюдочиён  баргузор  гардид. Дар  он  варзишгарони  зӯртарини  ҷаҳон  дар  вазни  то  81  килограм  ширкат  варзиданд.  Дар ин  мусобиқа 16  нафар  варзишгари  даҳ  мамлакати  ҷаҳон,  аз  ҷумла,  барандаи  ҷоизаи  биринҷии  Бозиҳои  тобистонаи  олимпӣ  дар  Пекин,  варзишгари тоҷик  Расул  Боқиев  иштирок  намуд. Вай то даври   ниманиҳоӣ  расида,  дар  ин  даври  мусобиқа  қувваозмоиро   бо  варзишгари  рус  Иван  Нифонтов  бой  дод. Аз  рӯи  натиҷаҳои  мусобиқа,  Р.Боқиев  соҳиби  ҷоизаи  ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобинон  гардид. Ба ӯ  ба  маблағи  сад ҳазор  рубли  Русия   мукофот   дода шуд. Инчунин  барандаи  ҷоизаи  биринҷии  Бозиҳои  Олимпии  Афина Дмитрий  Носов, ки   яке  аз   сарпарастони  мусобиқа   мебошад,  телефони  мобилӣ  тӯҳфа  кард.

Декабрь 11, 2008 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд